Ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР дар самти ҷалби сармоя ба технологияҳои нав баррасӣ гардид
Масъалаҳои вусъати ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, истеҳсоли маводи озуқаворӣ, рушди соҳаҳои нассоҷӣ ва мошинсозӣ зимни мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба ҷалби сармоя ба технологияҳои нав ва ҳамкорӣ дар соҳаи татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои муҳими иқтисод мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон