Ҳангомаи Ҷопон дар Қатар: Испанияро шикаст доду, Олмон бо ин мусобиқа хайру хуш кард
Дишаб рақобатҳои ҷолиби Ҷоми ҷаҳони Қатар идома ёфтанд. Ин навбат низ ҳангомаҳои дастаҳои осиёӣ боиси бедорхобии миллионҳо мухлисони футбол гардид. Ҷопониҳо баъд аз шикаст додани Олмон Испанияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохтанд. Ҳангомае, ки интизораш надоштем. Олмони бузург ва маъруфу машҳур ҳарчанд тими Коста Рикаро шикаст дод, аммо ин ба дардашон малҳам нагардид. Зеро Ҷопон ва Испания бо бартарии бештар аз зинаҳои аввал ва дуюм ба марҳилаи плей офф роҳхат гирифтанд. Олмон ва Коста Рика бо Ҷоми ҷаҳони Қатар хайру хуш карданд.
Рақобатҳои дигари баргузоргардида сабқати мунтахабҳои Канада ва Марокаш буд, ки африқоиҳо баъд аз шикаст додани Канада роҳи худро ба марҳилаи плей офф ҳамвор сохтанд. Дидори Хорватия ва Белгия бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт ва Хорватия бо бартарии бештар имтиёзи марҳилаи баъдиро ба даст овард.
Шодонҷон Султонов
Садои Душанбе