Дар Тоҷикистон аз хатари омадани сел ҳушдор дода мешавад
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид, бориши шадид ва раъду барқ дар назар буда, дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ омадани сел пешгӯӣ мешавад. 11-12 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои ноҳияҳои шарқии ВМКБ омадани селҳои дорои хусусияти пиряхӣ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар пайи номуътадил гардидани ҳаво аз 10 то 12 август дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳии ҷумҳурӣ бориши шадид ва омадани сели хавфнок дар назар дошта шудааст.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳушёр бошанд.
Ҳамчунин аз 13 то 16 август дар саросари мамлакат ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19-22 ва рӯзона 36-39 дараҷа гарм мешавад.