Барои бунёди бунгоҳи тиббӣ созишномаи грантӣ имзо шуд

30 ноябр дар Сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолии давлатҳои рӯ ба рушд, ки Ҳукумати Ҷопон роҳандозӣ кардааст, бо иштироки Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики ва Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар маросими имзои созишномаи грантӣ оид ба «Лоиҳаи бунёди бунгоҳи тиббӣ ва беҳтарсозии таҷҳизоти тиббӣ дар деҳаи Булбулчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳисор» баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар барои дастгирии соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор ба Сафири Ҷопон Тошиҳиро Аики изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари ба ҳам дӯст – Тоҷикистон ва Ҷопон роҳандозӣ шуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Императори Япония муҳтарам Нарухито дар таҳкими равобити дӯстонаи ду давлат арзишманд арзёбӣ мегардад.

Бунёди бунгоҳи тиббии деҳаи Булбулчашма ва муҷаҳҳазгардонии он 124 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дошта, ба ҳалли мушкилоти аҳолии беш аз сеҳазорнафараи деҳаи мазкур ва атрофи он, инчунин хизматрасонии босифати табибон мусоидат менамояд.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки минбаъд низ ҳамкории дӯстона таҳким ёфта, дар дигар бахшҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла шаҳри Ҳисор тибқи барнома лоиҳаҳои зарурӣ таҳия ва амалӣ хоҳанд гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE