Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
18 сентябр сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисиро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ рӯзи 16 сентябри соли 2021 ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
17 сентябр Сайид Иброҳим Раисӣ ҳамчун сарвари давлати нозир дар СҲШ иштирок ва суханронӣ кард.
Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари хориҷии Иброҳим Раисӣ пас аз интихоби ӯ ба мақоми Президенти Эрон аст.