Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил шуд

14 май дар қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳр Фирӯза Шарифӣ,занону бонувони барӯманд, оилаҳои намунавӣ, аз қишрҳои гуногуни ҷомеа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар намояндагон дар фазои мутантани адабӣ-фарҳангӣ Рӯзи байналмилалии оила таҷлил гардид. Нахуст раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ ҳамагонро бо Рӯзи байнамилалии оила таҳният гуфта, ба ҳама сокинони шаҳр ва иштирокдорон рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва маҷмӯи хушиҳои умрро таманно намуд. Роҳбари шаҳр зимни суханронии хеш иброз дошт, ки оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои мардумии тоҷик ба фарҳанг ва маърифати миллати куҳанбунёдамон асос ёфтаасту ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, мақсад аз таҷлили ин ҷашн устуворӣ, баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи он мебошад. Зеро, беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбад.

Таъкид гардид, ки оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа аз қадимулайём ҳамеша нигаҳдорандаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, маданият, идомати таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф буду ҳаст ва мемонад. Дар баробари ин ироа гардид, ки мафҳуми оилаву хонадорӣ хусусан барои миллати тоҷик намунаи шоистаи суннатҳои баландро асос гузоштааст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ таъкид намудаанд: «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Оила бақои давлату ҷамъият маҳсуб ёфта, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа бунёди оилаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад. Зеро, ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста аст.

Баъдан бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ ба ду ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ба волидайни як қатор тифлакони навзод шаҳодатномаи таваллуд, ба як қатор оилаҳои барӯманди шаҳр тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд, ки дар рушди соҳаи гуногуни ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузошта, ҳамчун оилаҳои намунавӣ солиёни зиёд дар тарбияи насли шоистаи замон ва фарзандон муваффақанд туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норакро дар вазъи идона тақдим намуд.

Ҳамзамон, зимни баргузории чорабинӣ, таҳти барномаи рангоранги фарҳангӣ, бо ҳар як аъзои оилаи барӯманд суҳбати озод барпо карда шуда, масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа дар бунёди оилаи солим ва тарбияи насли ояндасоз, ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа баррасӣ карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE