Дар майдони Истиқлоли пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуд
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вобаста ба пешвоз ва ҷашнгирии Соли нави мелодии 2023, аз ҷониби МД «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» дар майдони Истиқлоли пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуд.
Арчаи солинавӣ 30 метр баландӣ ва 17 метр паҳноӣ дошта, бо ороишоти барқӣї-иллюминатсионӣ ва бозичаҳои солинавӣ оро дода шудааст ва ороишоти пурраи он 10 декабр анҷом ёбад.
Инчунин баҳри фароғат ва тамошои сокинону меҳмонони пойтахт дар атрофи арчаи унсурҳои ороишии гуногуни барқӣ-иллюминатсонӣ, аз қабили дарвозаҳои рамзии шаҳраки солинавӣ аз се тараф, фаввораҳо навиштаҷоти «2023», аркҳои гуногуншакл, бозичаҳои калонҳаҷм, арчаҳо ва дарахтҳои гуногун, одамчаҳои барфӣ (снеговик), селфигӯшаҳо, хонаи бобои барфӣ, персонажҳои аниматсионӣ аз филмҳои тасвирӣ, (смешарики, се гурба), чархофалакҳо(карусели) ва ғайраҳо гузошта шудаанд, ки дар ҳақиқат ба як шаҳраки зебо ва дилрабои солинавӣ табдил ёфтааст.
Ҳамзамон дар майдон 22 адад дӯконҳои фурўши маҳсулоти хӯрокворӣ, армуғонҳо, тӯҳфаҳо ва хӯрокҳои тезтаёр гузошта шудаанд, ки ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.