ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САЙЁҲӢ
Дар низоми иқтисодии кишвари мо имрӯз сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад. Барои боз ҳам вусъат бахшидани ин соҳа аз тарафи роҳбарияти олии мамлакат солҳои охир тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудааст. Ҷорӣ намудани чунин имтиёзҳои созанда дар рушди имконоти туризм дар кишвар, пеш аз ҳама дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе заминаи бисёр қавӣ гузоштааст. Шоҳҷаҳон Қурбонов дар хусуси имконоти саёҳии шаҳри Душанбе гузориш омода намудааст:
Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар гушаву канори мамлакат такони тоза бахшид. Дар ин замина дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе низ як қатор иншооти бошукӯҳи таиноти гуногун, боғу гулгаштҳои нав ва корхонаҳои азими саноатӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки онҳо дар ҷалби диққати ҷаҳонгардон ба ин гушаи биҳиштосои дунё мусоидат мекунанд. Дар бештари иншооти навтаини дар пойтахт бунёд гардида, санъати меъмории миллӣ ва ифодакунандаи арзиши таърихии тоҷик истифода шудааст, ки он дар ҷалби таваҷҷӯҳи саёҳони хориҷӣ муассир аст. Ба гуфтаи Фазлиддин Қодиров устоди донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон «Ба ҳамагон пушида нест, ки шаҳри Душанбе дар даҳсолаи охир симои худро дигар карда, ба яке аз шаҳрҳои бениҳоят зебои ҳудуди Осиёи миёна табдил ёфта, таваҷҷуҳи ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб карда истодааст. Дар аксари биноҳое, ки тайи солҳои охир сохта шудаанд, санъати меъмории қадимаи тоҷикона истифода шудааст, ки ҳар бинандаро мафтун ва шефтаи худ мекунанд»
Назарпурсие, ки байни саёҳон дар пойтахти мамлакат гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки бештари онҳо ба шаҳри Душанбе барои боздид аз Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, биноҳои хуштарҳу замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки муарифгари гузаштаи пурифтихори миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад ва Парчами миллӣ бо сутунпояи бо баландии худ дар китоби рекордҳои гинес ворид шудааст, меоянд. Дар баробари биноҳои хуштарҳу замонавии хоси меъмории миллӣ, фазои орому осоишта, шаклҳои гуногуни хизматрасонӣ барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидати фаъол менамояд. Фазлиддин Қодиров дар ин хусус чунин гуфт:
«Ба шаҳри Душанбе ворид гардидани теъдоди зиёди сайёҳон, сабаб гардид то дар пойтахти кишвар меҳмонхонаҳои бузурги замонавӣ қомат афрозанд. Ин биноҳо ба симои Душанбешаҳр зебогии дучанд зам менамоянд.»
Таваҷҷӯҳи бештари саёҳон ба шаҳри душанбе ва имконоти фарохи он дар ин самт боис шудааст, ки пойтахти кишвари мо ба Федератсияҳои шаҳрҳои сайёҳӣ ворид гардад. Ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ дар гузашта борҳо Душанбешаҳрро ба рӯйхати шаҳрҳои амнтарини дунё ворид намудаанд, ки он барои муаррифи бештари он дар арсаи байналмиллалӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти ин имкониятҳо коршиносон мегӯянд, ки дар солҳои наздик шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои муҳимтарини сайёҳии байнамиллалӣ табдил меёбад.
Шоҳҷаҳон Қурбонов
Садои Душанбе