Баргузории мизи мудавар бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба анҷоми чаҳорум даври Барномаи Кишварии хазинаи нуфӯзи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016- 2030 ва муаррифии Барномаи нави Кишвар барои солҳои 2023- 2026 мизи мудаввар баргузор гардид. Он бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар кори он намояндагон аз Парлумон,вазорату кумитаҳо,идораву муассисаҳои давлатӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. Иштирокдорон ба сатҳи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи кишварии хазинаи нӯфузи СММ дар самтиҳои мухталиф аз ҷумла дар баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳои баланд доданд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе