Дарёфти истеъдодҳо: Дар ноҳияи Сино ҳафтаи “Бозёфт” оғоз шуд
Бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва cоҳибистеъдод ҷиҳати дастгирӣ ва рушди минбаъдаи онҳо дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Синои пойтахт ҳафтаи «Бозёфт» шурӯъ шуд.
Дар ин бора ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз ҷараёни баргузории ҳафтаи “Бозёфт” дар н. Сино иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки имрӯз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино аз фанни забони англисӣ имтиҳон месупоранд ва ҳангоми ба даст овардани холи зарурӣ таҳсилашонро тариқи ройгон дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои н. Сино ба роҳ мемонанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар иттиҳодияҳои таълимии Марказ, фанҳои Забон ва адабиёти тоҷик, Забони давлатӣ, Забони ва адабиёти рус, Забони русӣ, Забони англисӣ, Химия, Физика, Биология, География, Математика, Таърих, Ҳуқуқ ва Технологияи иттилоотӣ таълим дода мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳафтаи “Бозёфт” то 23 – юми сентябри соли равон дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мегардад.