Сироҷиддин Муҳриддин: «Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон ба шумор меравад»
Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин нукта имрӯз аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти 9-уми вазирони корҳои хориҷии «Муколамаи Осиёи Марказӣ – Ҷопон» тазаккур дода шуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни нишаст, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ҳаяшӣ Ёсимаса гузашт, масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Ҷопон, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ иброз дошт, ки Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкории созандаи мо бо Ҷопон дар татбиқи тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат мекунад.