Баррасии густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон

17 октябри соли 2022 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг вохӯрӣ анҷом дод.

Ҳолати кунунии робитаҳои ҳасанаи дуҷониба ва таҳкими  ҳарчи бештари ҳамкориҳои баъдӣ  миёни Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, амният ва дигар масоили мавриди эҳтимоми тарафайн дар меҳвари ин гуфтугӯ қарор доштанд.

Ҳамчунин дар атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Имомудин Сатторов таваҷҷуҳи дипломати олмониро ба равандҳои минтақавӣ, минҷумла таниши ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷалб карда, дар ин хусус таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буда ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE