Ба сарбозону афсарони шаҳри Кӯлоб аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои солинавӣ тақдим шуданд

 Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат ба сарбозону афсарони қисми таъйиноти махсуси «Алфа», Дастаи таъйиноти махсуси милитсия ва роҳбарияти дигар мақомоти қудратии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар ҳамроҳӣ бо Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода бо сарбозону афсарон ва роҳбарияти мақомоти мазкур мулоқот намуд.

Вазири нақлиёт оид ба нуктаҳои муҳиме, ки дар Паёми Пешвои миллат баён гардидаанд, аз ҷумла дар бораи ҳифзи марзу буми Ватан, садоқат ба Модар-Ватан, ифтихори миллати тамаддунофари тоҷик ва дигар масъалаҳои муҳим сухан карда, онҳоро ба хизмати софдилона ва ҳифзи марзу буми кишвар даъват намуд.

Ҳамзамон Азим Иброҳим ва Раиси шаҳри Кӯлоб собиқадорони касбу кори гуногунро аёдат намуда, ба онҳо аз номи Пешвои миллат маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE