РУСТАМ СОИРОВ ФАЪОЛИЯТАШРО ДАР ДАСТАИ «ЛОКОМОТИВ»-И ТОШКАНД ИДОМА МЕДИҲАД

Ҳамлагари мунтахаби олимпӣ ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Соиров фаъолияти худро дар тими «Локомотив»-и Тошканд, ки аз мавсими нав дар Про-Лигаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад, идома медиҳад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Рустам Соиров аз бошгоҳи «Левадия»-и Таллин ба дастаи «Локомотив» гузашт ва дар чемпионати Эстония ҳамагӣ панҷ бозӣ анҷом дод. Қаблан Соиров дар бошгоҳҳои «Локомотив-Помир» ва «Истиқлол» -и Душанбе ҳунарнамоӣ кардааст. 

Рустам Соиров аз соли 2020 ба тими миллии Тоҷикистон ҷалб мешавад. Дар ин муддат дар ҳайати мунтахаби асосии кишвар 9 бозӣ анҷом додааст.

акс аз ФФТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE