Дар Қатар ҳуҷраеро, ки Месси дар вақти чемпионати ҷаҳон дар он зиндагӣ мекард, ба осорхона табдил медиҳанд

Донишгоҳи Қатар тасмим гирифт ҳуҷраи бинои донишҷӯёнро, ки сарбони Аргентина Лионел Месси дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар он зиндагӣ мекард, ба осорхона табдил диҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора дафтари матбуоти донишгоҳ хабар додааст.Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол аз 20 ноябр то 18 декабр дар Қатар баргузор шуд. Аргентина ғолиби мусобиқа гардид.«Донишгоҳи Қатар дар бораи ба осорхонаи хурд табдил додани ҳуҷрае, ки дар он бозигари дастаи мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол сукунат дошт, эълон кард», — омадааст дар хабар.Тавре директори департаменти иртибот ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи Ҳитмӣ ал-Ҳитмӣ ба рӯзномаи Қатар тавзеҳ дод, манзилгоҳи Месси ҳамон шакле боқӣ мемонад, ки дар замони будубоши футболбоз буд ва барои ҳама боз хоҳад буд. «Ҳуҷраи Месси ба осорхонаи хурде мубаддал мешавад, ки дар он тамоми ашёи ӯ нигоҳ дошта мешаванд ва мерос барои донишҷӯён ва наслҳои оянда хоҳад буд», — гуфт ал-Ҳитмӣ.Донишгоҳи Қатар, ки соли 1973 ҳамчун коллеҷ таъсис ёфтааст, дар канори шимолии пойтахти кишвар- Давҳа ҷойгир аст. Дар ин ҷо инчунин шаҳрчаи калони донишҷӯён бо ҳудуди васеъ ҷойгир буда, дар он варзишгоҳ бо ғунҷоиши 10 ҳазор нафар одам мавҷуд аст.Месси 35-сола аст ва дар Чемпионати ҷаҳон дар Қатар, дар ҳайати дастаи мутахаби Аргентина чемпиони ҷаҳон шуд. Ҳамлагар дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии худ инчунин барандаи Ҷоми Амрико (2021) ва медалҳои нуқраи чемпионати ҷаҳон (2014) гардидааст. Месси дар ҳайати дастаи мунтахаби Аргентина 98 гол задааст ва ӯ беҳтарин нишонзан дар таърихи дастаи мунтахаби миллӣ мебошад. Дар сатҳи даставӣ аз тобистони соли 2021 ҳамлагар дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад. Аз соли 2003 то соли 2021 аргентинӣ дар ҳайати «Барселона» бозӣ карда, бо ин даста даҳ бор Чемпиони Испания, ҳафт бор барандаи Суперҷоми Испания ва Ҷоми Испания, чаҳор бор дар Лигаи чемпионҳо, се бор Суперҷоми УЕФА ва чемпионати ҷаҳонии клубҳо гардидааст.Соли 2021 Месси бори ҳафтум «Тӯби тиллоӣ» ба даст овард, ки ин ҷоиза ба беҳтарин бозигари сол дода мешавад.

БАКС: © саҳифаи иҷтимоии Лионел Месси

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE