ДАР ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ ФУТБОЛ БАРОИ ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲО ДОИР ГАРДИД

Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар маҷмааи варзишии Академияи «Ювентус»-и шаҳри Душанбе имрӯз, 29 декабр барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав ва кӯдакони дорои синдроми Дауна фестивал таҳти шиори «Футбол барои ҳама» баргузор гардид. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинӣ, ки бо ибтикори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон баргузор шуд, 140 нафар кӯдак ширкат дошт. Пас аз анҷоми машқҳо таҳти садои мусиқӣ бачаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар эстафетаҳо иштирок карданд, футболбозӣ ва тӯббозӣ намуданд.

Фестивал ба бачаҳо ҳиссиёти фаромушнашаванда бахшид. Дар фарҷоми фестивали футбол ба ҳамаи иштирокчиён сару либоси варзишӣ, медалу тӯбҳои хотиравӣ супорида шуданд.

акс аз ФФТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE