Нархномаҳои хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 тағйир намеёбанд
Нархномаҳои хизматрасониҳои пулакии таълимӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои таҳсили 2023-2024 дар сатҳи амалкунанда (ба истиснои ихтисосҳое, ки нав ҷорӣ карда мешаванд) бетағйр мемонанд. Дар ин бора 22 декабри соли 2022 фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.
Инчунин бо фармоиши дигар нархномаҳои хизматрасонии пулакии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии ҷумҳурӣ барои соли 2023 дар сатҳи амалкунанда (ба истиснои муассисаҳои тиббии навтаъсис ва хизматрасониҳои пулакие, ки нав ҷорӣ мешаванд) бетағйр нигоҳ дошта мешаванд.
Нархномаҳои хизматрасониҳои нақшавии пулакии таълимӣ ва тиббӣ дар ин муассисаҳо тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар заминаи нархгузорӣ ва асосноккунии иқтисодии пешниҳодшуда таҳлил карда шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»