Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлоси 26-уми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ
24 январи соли 2023 дар шаҳри Тошканд вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 26-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) иштирок намуд.
Дар суханронии худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мавқеи кишварро оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории иқтисодӣ муаррифӣ кард. Аз ҷумла, аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамгироии иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои самарабахши минтақавӣ дар соҳаҳои рушди нақлиёт, занҷирҳои таъминот, кишоварзӣ, саноат, энергетикаи сабз, экология, сайёҳӣ, нақлиёт ва сармоягузорӣ таъкид гардид.
С.Муҳриддин аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои дастгирии ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 14 декабри соли ҷорӣ тавассути қатъномаи якдилона қабулшудаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, изҳори сипос намуд.
Вазир ба аҳамияти эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси Хазинаи байналмилалии мақсадноки СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва баргузории конфронси сатҳи баланди СММ оид ба ин мавзӯъ дар Тоҷикистон дар соли 2025, ки ҳамчун василаи ҳалли мушкилоти глобалӣ барои андешидани чораҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим хизмат мекунад, таъкид намуд.
Дар робита ба ин, аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ даъват карда шуд, ки дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, фаъолона ширкат кунанд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирон роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи иҷрои барномаву лоиҳаҳо, фаъолияти кумитаи сатҳи баланд, ниҳодҳо ва мақомоти Созмон, пешрафт ва арзёбии амалисозии ҳадафҳои барномаи «Дурнамои СҲИ 2025», таъсиси василаи муколамаи сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи экология, маърӯзаи Дабири кулли СҲИ, инчунин баъзе масъалаҳои маъмурию молиявӣ як қатор қарорҳо қабул намуданд. Маҷлис бо қабули баёнияи Тошканд ба охир расид.
Раёсат дар СҲИ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон гузашт.