Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ганҷинаи мерос» Фестивали намоиши либосҳои миллӣ  баргузор мегардад

29 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо ҷалби беҳтарин тарроҳони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ганҷинаи мерос» Фестивали намоиши либосҳои миллӣ  баргузор мегардад.

Тавре аз  Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, фестивал бо мақсади рушди анъанаҳои хоси фарҳанги либоспӯшӣ ва баланд бардоштани арзиши милливу эстетикии он, ҳавасмандгардонии ҳунармандону тарроҳон ва эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ доир мешавад.

Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузошта, аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.

Тавре 9 марти имсол Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин иброз намуданд, «бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангӣ аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллатро халалдор месозад».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE