Дар Остона бизнес-форумҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор карда мешаванд

Масъалаҳои баргузор намудани бизнес-форумҳо 26 январ дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими шаҳри Остона Касимбек Женис баррасӣ гардид. Дар ин бора дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Инчунин зимни мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳо, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, гузаронидани дигар ҳамоишҳо дар шаҳри Остона ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ шуд.Тавре қаблан хабар дода будем, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ 24 январ дар Тошканд нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатиро тасдиқ карданд.Дар ҷараёни суҳбат вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро муфассал баррасӣ намуда, доир ба ҳамкории мутақобилаи ду мамлакат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба васеъ намудани муҳтавои тамосҳои сатҳи олии дарпешистода равона гардид.Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Қазоқистон, давоми соли 2023 якчанд ҳамоишҳои муштараки соҳавӣ баргузор карда мешаванд.Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ мебошанд. Мардумони ду давлатро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE