ҶОМИ ФФТ-2023: НАТОИҶИ ДАВРИ АВВАЛИ МАРҲИЛАИ МУҚАДДАМОТӢ ДАР МИНТАҚАИ ДУШАНБЕ

Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозиҳои даври аввали марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. Дар гурӯҳи «А» «Равшан» ба дарвозаи «Куктош» се голи беҷавоб зад. Аз ҳайати дастаи шаҳри Кӯлоб Тоҳир Малодӯстов дубл карда, як голи дигарро Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ба самар расонд.Дар вохӯрии дигар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар тими ҷавонони «Истиқлол»-и пойтахт бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Абдухалил Боронов ва Шуҳрат Элмуродов ду голӣ, Амин Эргашев ва Нуриддин Ҳамроқулов як голӣ ба самар расониданд.Дар гурӯҳи «Б» КМВА-и пойтахт аз «Барқчӣ»-и Ҳисор қавитар баромад – 4:2. Дар бозии дигар голи Анӯшервони Наврӯз ғалабаи дастаи «Душанбе»-ро бар «Шодмон»-и Ҳисор таъмин кард – 1:0.Бозиҳои даври дувуми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дар минтақаи Душанбе рӯзҳои 29 ва 30 январ баргузор мешаванд.Бояд тазаккур дод, ки пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми федератсия роҳхат мегиранд. Фонди ҷоизавии мусобиқаи Ҷоми ФФТ 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб ба ҷуз аз ҷоиза 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Ба ҷойи дуюм 30 ҳазор сомонӣ ва зинаи сеюм 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE