ПАЁМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Дар доираи Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022» мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Сино идома ёфт.Дар мулоқоти аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони шаҳракҳои 53, 54, Политехникум ва маҳаллаи Фурузони ноҳияи Сино мулоқот анҷом дода, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сокинон роҳандозӣ намуданд. Зимни баромади масъулин таъкид шуд, ки ҳифзи иқтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум дар ин самт стратегияву барномаҳои мушаххас қабул ва мавриди амал қарор доранд. Ҳамчунин дар мулоқот дигар нуқтаҳои Паём мавриди таҳлил баррасӣ қарор дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE