СОРБОН, НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН, 81- СОЛА ШУД …

Сорбон – Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, санаи 27 – уми январи соли ҷорӣ ба доди мубараки 81 – солагӣ расид.

Бад – ин ифтихор бо ибтикори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, дӯстдорони ашъори ӯ ва пайвандону наздиконаш дар толори намоишии “Хонаи кино” маҳфили рангине доир карда шуд. Дар ин ҷамъомади пуршукӯҳ шоирону нависандагон, адибону қаламкашон, ақрабову наздикон ва роғибони сухани Сорбон ҳузур доштанд.

Ба ифтихори ҷашни мелоди устод Сорбон аз сӯйи коргардони тозатаҷриба Тоҳири Назар филми мустанаде таҳти унвони “Устод Сорбон”, ки роҷеъ ба рӯзгори ӯ қисса мекунад, дар пардаи сафеди толори намоишӣ пешкаши мухлисону дӯстдорону алоқамандони ашъораш карда шуд. Филми мустанади “Устод Сорбон” соли пор бахшида ба 80 – солагии ин нависанда сабт шуда, дар рӯзи ҷашни эшон порае аз он намоиш дода шуда буд.

Имрӯз ба муносибати зодрӯзи нависанда офарандаҳои он ба хулосае расиданд, ки онро пурра пешкаши тамошобин намоянд. “Филм инъикосгари рӯзгори пурпечутоби нависанда аст” – гуфт, Тоҳир Назар аснои суҳбат.

Ҳамчунин, дар қисмати дуюми маҳфил рӯнамоии китоби “Сорбон дар оинаи нақду сухансанҷӣ” дар мураттибии рӯзноманигори хушнавис Одили Нозир доир гардид. Муҳтавои китоби мазкур андешаву гуфторҳои солҳои мухталифи устодону аҳли адаби кишвар ва хориҷро дар бораи Сорбон ба таркиб дорад.

Тавре Одили Нозир гуфт: китоби “Сорбон дар оинаи нақду сухансанҷӣ”-ро 2 сол ҷамъоварӣ кардааст. “Чунин китоб дар бораи ягон нависанда дар Тоҷикистон то ба имрӯз чоп нашудааст. Ин нахустин китоб аст, ки гуфта ва навиштаҳои мунаққидон, адабиётшиносон, журналистон ва хонандагонро дар тӯли 50 сол доир ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Сорбон фаро гирифтааст. Албатта, дар бораи нависандаи маъруфе чун Сорбон зиёд навиштаанд, ки дар ин китоб интихобан ҷо карда шудаанд. Китоби мазкур барои шинохти бештари шахсият ва осори нависанда хизмат мекунад” – мегӯяд, мураттиби китоб.

Ҳар фарде, ки дар ин маҳфил садри аъзамӣ мекард, ба шеваи хоса баён медошт, ки осори устод Сорбон саршори моҳияту хусусияти синамоӣ ва киноматаграфӣ дошта, ин нависандаи забардасту хушбаёну зебонигор дар таҳияи чандин филмномаҳо низ маҳорату ҳунари волои эҷодияшро нишон додааст. “Тангно”, ки дар фестивали байналмилалии Қазон соли 2019 соҳиби ҷоизаи “Қалами тиллоӣ” гардид, “Хуни халқ”, “Дуғоб”ва чандеи дигар аз зумраи ҳамин офаридаҳо мебошанд.

Бешак, устод Сорбон аз тоифаи нависандагоне шумурда мешавад, ки бо сабку услуб ва шеваи вижаибаёну эҷод дар солҳои 60-уми асри рафта ба майдони адабиёт зуҳур кард ва инак фаротари 60-сол аст, ки дар ин масир хома ранг мекунад.

Сорбон 27 январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар хонаводаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1963 факултаи филологии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба фаъолият пардохтааст. Баъдан ба сифати муҳаррири барномаҳои адабии Радиои Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон», мухбири калони рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» заҳмат кашидааст. Чанд сол дар нашриёти «Маориф» ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ низ фаъолият доштааст.

Сорбон сар аз соли 1965 ба навиштани ҳикоя шурӯъ намуда, нахустин гулчини ҳикоёташ «Гап дар дил» соли 1969 интишор ёфтааст. Муаллифи қиссаву романҳои маъруфи «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Сабо», «Қумрӣ», «Пиндор», «Марди танҳо», «Чархи эҳтиётӣ», «Санам», «Спитамон», «Шинел», «Дашти Морон», «Кабӯтари сафед», «Буд, набуд», «Зарафшон», «Актёр», «Достони писари Худо», «Туғрал», «Росу», «Кадевар», «Барзгар» ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво мебошад. То имрӯз 15 ҷилди “Куллиёт” – и осораш ба дасти чоп расидааст.

Сорбон нависандаи нозукбаён буда, дар симои қаҳрамонони асарҳояш тавонистааст азамату ҳашамати мардум ва бурду бохти зиндагиро соддаю оммафаҳм ба қалам оварад ва яке аз маҳбубтарин нависандагони кишварамон шинохта шавад.Дар интиҳои маҳфил барномаи зебои консертӣ ба ҳусну шукӯҳи он колои рангинтари фарҳангӣ пӯшонд.

Лутфуллои АЗИЗ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE