Имрӯз дар вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, фарҳанг ва Хадамоти алоқа оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ доир карда мешавад

Имрӯз, 30 январ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Хадамоти алоқа соати 09:00 дар толори маҷлисгоҳи Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» баргузор карда мешавад.

Вазорати фарҳанг нишасти матбуотиро соати 10:00 дар ин вазорат баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 11:00 дар вазорати мазкур доир карда мешавад.

Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ нишасти матбуотиро соати 14:00 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур доир менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE