Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди Неругоҳи обии «Роғун» шинос гардиданд
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд.
Дар ин ҷой аз сатҳи баҳр дар баландии 1140 метр то 1300 метркорҳои таркишию хокбарорӣ, ки ҳаҷми умумии лоиҳавии он 880 ҳазор метри мукааб мебошад, пурра анҷом ёфтааст.
Насби лангарҳои оҳанин 80%, лангарҳои фишордор 85% ва корҳои арматурбандию бетонхобонӣ 81% иҷро шудааст.
Ҳоло корҳои мустаҳкамкунӣ дар болои обқабулкунандаҳои доимӣ аз рӯйи лоиҳа идома дошта, ҳадафи коргарону мутахассисон ба иҷрои босифати нишондодҳо равона карда шудааст.
Ҳаҷми умумии корҳои бетонхобонӣ бошад дар ин мавзеъ 55 ҳазор метри мукаабро дар бар мегирад, ки то имрӯз 80% иҷро шудааст.
Дар минтақаи ядрои сарбанд кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст идома дошта, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизмҳои пуриқтидор сафарбар карда мешавад. Танҳо дар минтақаи ядрои сарбанди неругоҳ наздики 400 нафар машғули коранд.
Дар ядрои сарбанди неругоҳ 6 намуди маводи асосии сохтмонӣ мувофиқи технология қабат ба қабат хобонида шуда, ҳамарӯза сифати кор санҷида мешавад.
Ҳоло хобонидани мавод, аз ҷумла гилхок ва филтрҳо дар ядрои сарбанд дар сатҳи 1013 метр аз сатҳи баҳр идома дорад. Ҳаҷми лоиҳавии гилхок дар ядрои сарбанд 7,5 миллион метри мукааб пешбинӣ гардидааст ва то имрӯз зиёда аз 561 ҳазор метри мукааб хобонида шудааст.
Дар минтақаи ядрои сарбанд давоми сол дар маҷмуъ 21 миллион метри мукааб маводи гуногуни сохтмонӣ хобонида шудааст.
Дар як рӯз ба ҳисоби миёна сарбанди неругоҳ тақрибан 50 сантиметр баланд бардошта мешавад.
Имсол сатҳи об дар обанбор 5 метр баланд бардошта шуда, ба 1075 метр баробар гардидааст.
Баландии лоиҳавии сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” 335 метрро ташкил медиҳад, ки баландтарин садди чунин навъ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Қабатҳои назди кӯҳ бошад, мувофиқ ба талаботи технологӣ мустаҳкам карда мешавад. Дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои сементрезӣ ва мустаҳкамкунандаи паҳлуҳои чап ва рости кӯҳ то сатҳи 1110 метр бо шумораи 5093 чоҳ идома дошта, то имрӯз 1800 чоҳ парма ва сементрезӣ шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз ҷараёни фаъолияти хатти конвейерии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.
Дар қитъаҳои муайяни Неругоҳи обии «Роғун» барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, иншооти алоҳида бунёд шудааст, ки хатти конвейерӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Дар маҷмуъ дар ин қитъаи сохтмонӣ 70 нафар дар ду баст фаъолият намуда, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ беш аз 30 техника ҷалб карда шудааст.
Дар марҳилаи аввал ашёи хом дар конҳо ва қитъаҳои муайяни иншоот тавассути техника ва таҷҳизоти пуриқтидор коркард мешавад.
Бо истифода аз чунин технологияи замонавӣ коргарони муҳандисию техникӣ метавонанд, ки дар як соат то 3500 тонна маҳсулотро омода ва ба воситаи хатти конвейерӣ ба сарбанди неругоҳ интиқол диҳанд.
Таъкид гардид, ки ду қисмати борфарории хатти конвейерӣ дар биефи поёнии сарбанд дар сатҳи 1090 метр ҷойгир аст.
Маҳсулоти сохтмонӣ ба воситаи хатти конвейерӣ то биефи поёнӣ интиқол дода шуда, ба воситаи мошинҳои боркаш ба қитъаҳои сарбанд хобонда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар сарбанди неругоҳ таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба иҷрои босифати сохтмон, риояи талаботи лоиҳавӣ, босифат ба анҷом расонидани кор ва тезонидани раванди сохтмон ҷалб намуданд.