Дастаи миллии Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ду бозии дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ду бозии дӯстона анҷом медиҳад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 март дар Дубай бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад. Пас аз се рӯз, 28 март дастаи миллии мо дар шаҳри Ал-Кувайт бо тими миллии Кувайт вомехӯрад.

Барои дастаи миллии Тоҷикистон вохӯриҳои дарпешистода яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, ба ҳисоб мераванд.

Бозиҳои дӯстона

 25 март (шанбе)

АМА –  ТОҶИКИСТОН

 Дубай, АМА

 28 март (сешанбе)

Кувайт –  ТОҶИКИСТОН

 Ал-Кувайт, Кувайт

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE