«Алянс Франсез Хуҷанд» ба барқарорсозии ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Фаронса мусоидат менамояд

Соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд Ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсез Хуҷанд» ифтитоҳ гардид, ки ба барқарорсозии ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Фаронса мусоидат менамояд. Дар ин бора  18 феврал зимни вохӯрӣ бо  намояндагони Сафорати Фаронса дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд  ибрози назар карда шуд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар вохӯрӣ  аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Фаронса изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар партави  сиёсати башардӯстонаи хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануел Макрон ва дар доираи санадҳои дуҷониба  ҳамкорӣ  дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф ва техника байни Тоҷикистон ва Фаронса дар сатҳи барои ҳарду ҷониб мувофиқ  идома дорад.

Тавре таъкид карда шуд,  байни  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Экс-Махсейи шаҳри Марсел шартномаи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ имзо карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсез Хуҷанд» кӯшиш дорад, ки ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдо ва муассисаҳои олии Фаронса низ мусоидат намояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE