Дар шоҳроҳи Душанбе-Данғара 1200 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
Дар мавзеи қисмати чапи шоҳроҳи Душанбе-Данғара дар масоҳати 1,5 гектар 1200 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд. Дар ин хусус дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Дар маъракаи дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, шаҳри Норак, инчунин кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Норак ва зерсохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак фаъолона иштирок намуданд.
Тибқи хабари манбаъ, ин мавзеъ, ки дар он ниҳоли дарахтони санавбар шинонида шуд, дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷудо гардид.
Баъд аз шинонидани ниҳоли дарахтони санавбар атрофи мавзеи мазкур марҳила ба марҳила бо симтӯр маҳкам карда мешавад.