Дар ноҳияи Муъминобод сохтмони бинои нави иловагии мактаби №7 барои 240 нафар хонанда оғоз гардид

Дар ноҳияи Муъминобод сохтмони бинои иловагӣ барои муассисаи таълимии №7 оғоз гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҳолати фаъолияти муассисаи таълимии №7-и ноҳияи Муъминобод суол пешниҳод карда буданд. Инро ба инобат гирифта, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ бо вазъи муассисаи таълимии мазкур шинос шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Бо сабаби афзоиш ёфтани аҳолӣ, сол аз сол зиёд гардидани хонандагони муассисаи таълимии №7 ва садамавӣ шудани яке аз биноҳои муассиса ба синфхонаҳои нав эҳтиёҷ ба миён омадааст.  Аз ин лиҳоз барои идома ёфтани таълими хонандагон дар назди беморхонаи ноҳия чор синфхонаи иловагии муваққатӣ кушода шуда, таълим идома дорад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо инобати вазъи муассиса аз тарафи Вазорати маориф ва илм дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони бинои иловагӣ барои муассисаи таълимии №7 оғоз гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои куҳнаи муассисаи таълимӣ соли 1949 сохта шуда, бо сабаби фаъолияти солҳои тӯлонӣ ҳолати садамавӣ дошт. Дар ин муассисаи таълимӣ  850 хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст.

Гуфта шуд, ки сохтмони бинои нави иловагии муассисаи таълимӣ барои 240 нафар хонанда дар як баст идома дорад. Аллакай қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагӣ анҷом ёфтааст. Барои тезонидани кор ва бо сифати баланд анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ масъулин вазифадор карда шуданд.

Дар муассисаи таълимии №7 бо хонандагону омӯзгорон суҳбат ороста шуд. Оид ба вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва аз бар намудани 400 калимаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ изҳори назар карда шуд. Ба масъулин ва омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим таъкид карда шуд. Иброз гардид, ки таваҷҷуҳу дастурҳои Президенти мамлакат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ зиёд аст. Ба ин хотир бояд маҳз ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати алоҳида дода шавад.

Намояндагони Вазорати маориф ва илм инчунин аз ҷараёни сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 5-и ноҳия дидан карданд. Сохтмони бинои иловагӣ барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фариддун» мебошад. Тибқи нақша, бино давоми соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Ҳангоми мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии ин муассисаи таълимӣ мавҷудияти норасоии синфхонаҳо пурра аз байн рафта, омӯзгорон ва толибилмон дар синфхонаҳои тозаву барҳавои ҷавобгӯ ба талаботи замон таҳсилу фаъолият хоҳанд кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE