Ҷаласаи 8-ми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

2 марти 2023 дар Вена ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва ҳайати Австрияро ҳамраиси Комиссия, роҳбари Гурӯҳи робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федералии меҳнат ва иқтисоди Австрия Франс Вессиг роҳбарӣ намуданд. Намояндагони расмии мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии кишвари мизбон дар нишасти мазкур ҳузур доштанд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои васеи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, хоҷагии деҳот, саноат, нақлиёт ва сохтмон, энергетика, тандурустӣ, муҳити зист, идораи офатҳои табиӣ ва рақамикунонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз натиҷаи ҷаласа Протокол ба имзо расонида шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE