Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT – 2023» муаррифӣ карда мешавад
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT – 2023», ки 16-18 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад, муаррифӣ карда мешавад, хабар медиҳад дар Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
10 март дар Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумита ва роҳбарони осоишгоҳу ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, ки дар намоишгоҳи мазкур иштирок менамоянд, ҷаласаи корӣ баргузор шуд.
Ба масъулон ҷиҳати иштироки фаъолона дар намоишгоҳ, муаррифии шоистаи иқтидори сайёҳӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, нишон додани эҳсоси баланди ватандорӣ ва меҳмондории миллати тоҷик тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Тазаккур дода шуд, ки гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур дар масоҳати 24 метри мураббаъ ташкил карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар баробари ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ намояндагони соҳаи сайёҳӣ аз гӯшаҳои гуногуни дунё ва минтақаҳои Русия иштирок намуда, маҳсулоти сайёҳии худро ба дӯстдорони сайру саёҳат пешниҳод менамоянд.
Иштироки масъулони соҳаи сайёҳии мамлакат дар чунин намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон маҳсуб шуда, барои тавсеаи ҳамкории ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.