ИҶЛОСИЯИ СЕНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

ш.Душанбе. 15.03.2023. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 25 масъала қабул намуданд.
Дар рафти муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Зимни баррасии рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи хариди давлатӣ» ва «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ»-ро, ки дар шакли мукаммал қабул гардидаанд, мавриди муҳокима қарор дода, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Инчунин, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» мубодилаи афкор намуда, ба ҷонибдории онҳо овоз доданд.
Пас аз баррасии пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан Саидзода Маҳмадисо ва Қуватзода Турон аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардида, Ҷалилзода Хусрав судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва барои аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода Абдуғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштан, ризоият дода шуд.
Ҳамчунин, тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва Заррез номгузорӣ намудани он, қабул гардид.

Дар идомаи иҷлосия Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ҳисобот дод.
Зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо таваҷҷуҳ ба омори вазъи ҷинояткорӣ, оид ба пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дастуру супоришҳо доданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ, ҳолатҳои ҷалб ва шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ноболиғон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсии кӯдакону ноболиғон, савдои одамон, амалҳои коррупсионӣ ва қабули санадҳои судии хилофи қонун, раванди қабули қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба замин, инчунин назорати риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла, истифодаи самараноки заминҳои корам, пешгирии изофанависии ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини сифати озуқаворӣ, бахусус маҳсулоти хӯроквории воридотӣ ва танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Сипас, тибқи рӯзномаи иҷлосия Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология бозхонд намудани ӯ, қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Дар фарҷоми иҷлосия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳозиринро ба ифтихори фарорасии Наврӯзи фархундапай самимона табрик гуфта, дар назди аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода намудани манзили зист, гулпӯш кардани кӯчаю хиёбонҳо ва амалисозии ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам зебову пешрафта гардонидани кишвари азизамон вазифагузорӣ намуданд.
Бо ҳамин, иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE