Ифтитоҳи бинои нозироти андоз дар шаҳри Гулистон

29 март дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нозироти андози шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати бинои 0,16 гектарро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар асоси лоиҳа иншооти навбунёд аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, бахши ташкили андозбандии шахсони воқеӣ ва бахши баҳисобгирии даромадҳо ҷойгиранд.

Дар ошёнаи дуюм ва сеюм маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, маъмурият, толори баргузории видео-конфронсҳо бо 20 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд.

Бинои нозироти андози шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

То ин вақт нозироти андози шаҳри Гулистони вилояти Суғд бинои маъмурии худро надошт ва кормандон дар биное, ки моликияти коммуналии шаҳр мебошад фаъолият мекарданд. Шуъба ва бахшҳои бинои нозироти андоз бо технологияи инфарматсионӣ таҷҳизонида шуда, барои кормандон шароити мусоиди корӣ муҳайё карда шуд. Акнун кормандони ин ниҳоди молиявӣ бо истифода аз технологияи пешрафта ва ҷорӣ намудани равзанаи ягона метавонанд раванди бақайдгирии шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, соҳибкорон ва андозсупорандагонро бемамониат ба қайд гиранд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон барои зиёда аз 30 нафар ҷойи кории мувофиқ фароҳам оварда шуд.

Насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имконият медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар раванди бақайдгирӣ ва пардохти андозҳо таъмин карда шуда, иҷрои чунин хизматрасониҳо бидуни таъсири омилҳои инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию ӯҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон ба кормандони соҳа аз наздик суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро чиҳати баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, саривақт бақайдгирии шахсони воқеӣ-ҳуқуқӣ, таъмин намудани шаффофияти маблағҳо ва ба ин восита ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Акнун соҳибкорон имкон доранд, ки бо истифода аз шабакаи интернет эъломияи худро электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, бевосита шинос шаванд.

Бо сохта ба истифода додани бинои нави нозироти андоз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои кормандон шароити муосири корӣ фароҳам оварда шуд. Онҳо дар фаъолияти минбаъда имкониятҳои муҳайёшударо самаранок истифода бурда, пардохти ҳама намуди андозҳо, боҷҳои давлатӣ ва дигар хизматрасониҳои давлатиро ба таври ғайринақдӣ бояд таъмин намоянд. Пешбурди кор бо усули нав ва иҷрои дигар амалиётҳои андозӣ тавассути технологияи пешрафта дар оянда омили муҳими рушди соҳа гардида, ҷиҳати рақамикунонии андоз ва татбиқи ҳукумати электронӣ дар ин самт заминаи муҳим фароҳам оварда хоҳад шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE