Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон доир мешавад

7 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон баргузор мегардад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар оғози Форум видеоролик дар мавзуи «Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоди иштирокдорон мешавад.

Дар Форуми мазкур аз ҷониби Тоҷикистон — роҳбарияти вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», инчунин соҳибкорон, намояндагони бахши хусусӣ ва ширкати байналмилалии «Кола-Кола» дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Дар ин Форум аз ҷониби Туркманистон иштирок ва суханронии Раиси Палатаи савдо ва саноат, муовини Вазири саноат ва сохтмони Туркманистон, намояндагони бахши хусусӣ, Вазорати молия ва иқтисодиёти Туркманистон ва директори ҶСК «Маркази нақлиёту логистикаи Туркманистон» дар назар дошта шудааст.

Дар доираи баргузории Форуми мазкур баимзорасонии санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Туркманистон пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар он баргузории мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду ҷониб дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар назар дошта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE