Дар Суди олии иқтисодӣ дар соли 2025-ум 490 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардиданд
Абдуллозода Зебонисо раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба саволҳои хабарнигорон посух гуфта, иброз дошт, ки ҳукумати электронӣ дар фаъолиятҳои Суди Олии иқтисодӣ амал мекунад.
Суди олии иқтисодӣ дар соли 2025-ум 490 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 50 адад зиёд мебошанд.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд 454 таъинотҳои хусусӣ қабул гардида, 28 ҷамъбасти мурофиаи судӣ гузаронида шуда, сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо мавриди таҳлил қарор гирифта, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои риоя нагардидани қонун 92 пешниҳод ирсол карда шудааст.
Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ дар ҳамин давра ба маблағи 841 894 304,34 сомонӣ талабот арз гардида, аз он ба маблағи 393 787 274,07 сомонӣ талаби даъво қонеъ гардида, ба маблағи 10 294 672,73 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе

