Ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор шуд

11 апрел дар шаҳри Москва ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа аъзои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз ҳар ду ҷониб кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия Раҷаббой Аҳмадзода  ва Николай Журавлев сухан гуфтанд.

Изҳор гардид, ки ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба рушди муносибатҳои ду давлат дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи ҷараёни амалишавии Ҳуҷҷати хотимавии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас аъзои Комисия доир ба вазъи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф ва дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор намуданд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа вақт ва макони баргузории ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия, инчунин ҷараёни омодагӣ ба Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия баррасишуда қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE