Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия

30 апрели соли 2024 бо дархости ҷониби Русия вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ вазъияти душвореро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия дар натиҷаи чораҳои шадиди мақомоти Русия қарор доранд, баррасӣ карданд.
С. Лавров дарки вокуниши ҷониби Тоҷикистонро дар ин бора изҳор дошт.

С. Муҳриддин таъкид кард, ки чунин бархӯрди манфӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои муносибатҳои дуҷониба мувофиқат намекунад.

Дар ин замина таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбат ба зарурати риояи муқаррароти санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 25 майи соли 1993 ва Шартномаи ҳамкории иттифоқӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба асри 21 нигаронида шуда аз 16 апрели соли 1999, равона карда шуд.

Дар заминаи изҳороти С.Лавров “дар бораи равона нашудани тадбирҳои андешидашуда алайҳи миллат ё дини мушаххас”, С.Муҳриддин таъкид кард, ки ин бо вазъи воқеӣ мувофиқ нест ва амалҳои манфӣ танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.

Мусоҳибон дар мавриди зарурати нигоҳ доштани пойбандии тарафҳо ба принсипҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ якдилона ибрози назар карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE