«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе даврии шаҳри фестивал ҷамъбаст гардид

Дар «Майдони 800-солагии Москва»-и шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид. Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон, фаъолзанон, чеварону ҳунармандон аз ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони ВАО иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи фестивал иброз гардид, ки мақсади асосии он- баланд бардоштани эхҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Иброз гардид, ки баргузории ин фестивал имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Тазаккур дода шуд, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид, ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ буд.

Дар асоси Низомномаи баргузории даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши гуногуни навъҳои сӯзанидӯзӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои бонувону гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» маҳсули ҳунари хешро ба маъраз гузоштанд.

Дар Фестивал тарроҳону чакандӯзони ноҳияҳои пойтахт, литсею коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилотию томактабӣ иштирок карда, ҷавондухтарон ва писарон намунаҳои зиёди либоси чакан ва пероҳану тоқиҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфтаи писаронаро, ки муаррифи фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷикон буд, ба намоиш гузоштанд.

Бояд гуфт, ки чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои «Авасто», «Шоҳнома» ва осори бисёре аз адибони гузашта маълумот дарёфт кардан мумкин аст. Ҳар нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва розҳои модарони тоҷикро дар худ инъикос месозад.

Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, бахусус эҳёи ҳунари гулдӯзии тоҷикон дар пайваста фестивалу озмунҳо, конфронсу симпозиумҳо ва дигар барномаҳои фарҳангӣ амалӣ мегарданд, ки дар доираи онҳо тарроҳону ҳунармандон, чакандӯзону наққошон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоди хешро ба маърази намоиш мегузоранд.

Иштирокчиёни фаъоли фестивал бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин дар фестивал ҳунармандону санъаткорон бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз суруду тарона ва рақсҳои дилнишини ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон иборат буд, табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE