РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: «БАРОИ МИЗБОНИИ ҶОМИ ОСИЁ ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АРИЗАИ МУШТАРАК ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ»

Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ дар Конгресси CAFA дар Душанбе иброз намуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мизбонии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 дархости муштарак хоҳанд дод. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Минтақаи Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки ин вақт фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва бовар дорам, ки ҳамроҳ бо кишварҳои бародар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиёро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем кард. Мо тасмим гирифтем, ки барои мизбонии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 дар Осиёи Марказӣ дархости муштарак пешниҳод кунем», – гуфт президенти CAFA Рустами Эмомалӣ.

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар суханронии худ дар Конгресси CAFA аз ташаббуси президенти CAFA Рустами Эмомалӣ оид ба ирсоли аризаи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин минтақа сазовори баргузории чемпионати Осиё байни тимҳои миллӣ аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE