Изҳороти матбуотӣ аз рӯйи мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

04.05.2023 12:25, Қазоқистон

Ташаккур, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев барои даъваташон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Қазоқистони дӯст сидқан изҳори сипос намоям.

Ҳамчунин, ба Шумо муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич барои сарфароз гардонидани ман бо ордени “АЛТИН ҚИРОН” миннатдории амиқи худро иброз медорам.

Ин нишони олии Ҷумҳурии Қазоқистонро қабл аз ҳама, ба тамоми мардуми кишвари худ мансуб медонам.

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Қосим-Жомарт Кемелевич масъалаҳоеро, ки зимни музокироти имрӯза баррасӣ гардиданд, муфассал баён доштанд.

Аз ҷониби худ мехостам зикр намоям, ки музокирот чун анъана дар фазои созанда ва ҳусни эътимод баргузор гардиданд.

Онҳо бори дигар муҳимияти идома додани муколамаи мунтазами сиёсӣ барои рушди пайвастаи муносибатҳои моро тасдиқ карданд.

Дар ин замина мехостам қарори имрӯз қабулшударо оид ба додани хусусияти ҳамкории ҳампаймонӣ ба шарикии стратегиамон таъкид намоям.

Итминон дорам, ки сифати нави муносибатҳои мо омили рушди минбаъдаи пайгиронаи робитаҳои байнидавлатӣ дар тамоми соҳаҳо мегардад.

Рамзист, ки ин қарори таърихӣ дар соли ҷашнии равобити дипломатии Тоҷикистон ва Қазоқистон қабул карда шуд.

Дар давоми се даҳсолаи охир заминаи устувори ҳуқуқӣ ба вуҷуд омад, ки имрӯз мо онро бо санадҳои нав ба таври назаррас мукаммал намудем.

Таъкид менамоям, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ муҳимтарин ҷанбаи муносибатҳои мо боқӣ мемонад.

Қазоқистон, ки дар сохтори умумии савдои хориҷии Тоҷикистон дар мақоми дуюм қарор дорад ва яке аз шарикони пешқадами мо дар ин самт мебошад.

Афзоиши гардиши молу маҳсулот соли гузашта беш аз бист фоизро ташкил дод.

Созише, ки қаблан дар сатҳи олӣ дар бораи дар ояндаи наздик ба ду миллиард доллар расонидани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ҳосил шуда буд, мунтазам амалӣ мешавад.

Барои ноил шудан ба ин ҳадаф мо ба мувофиқа расидем, ки барои таъмини афзоиши минбаъдаи ҳаҷм ва гуногунии номгӯйи гардиши мол чораҳои ҳамоҳангшуда андешем.

Дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ аз ҷониби мо зарурати таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни саноату гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ зикр гардид.

Ҳамзамон, саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва дорусозӣ самтҳои афзалиятнок муайян карда шуданд.

Мо аз ҷониби Қазоқистон ҷиҳати коркарди конҳои ояндадори нафту гази худ даъват ба амал овардем.

Ҳамчунин, мо ҳамкориро дар самти рушди рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, бонкдорӣ ва бозорҳои молиявӣ барои ҳар ду ҷониб судманд мешуморем.

Тоҷикистон сифати равобити байнипарлумонӣ ва рушди фаъоли ҳамкории байниминтақавиро мусбат арзёбӣ менамояд.

Ҷониби Тоҷикистон дар самти фарҳангиву гуманитарӣ густариши минбаъдаи табодули фарҳангӣ ва иртибот байни муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои ду давлатро зарур мешуморад.

Татбиқи тавофуқҳои қаблан ҳосилшударо оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла, зиёд намудани бурсияҳои таълимӣ дар асоси мутақобила таъкид менамоям.

Бо истифода аз фурсат, ба дӯстони қазоқистонӣ барои мусоидат ва дастгириашон дар омода намудани кадрҳо аз рӯйи ихтисосҳои гуногун изҳори миннатдорӣ менамоям.

Мо бо Қосим-Жомарт Кемелевич оид ба вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкори муфассал анҷом додем.

Мо хатару таҳдидҳои мавҷударо ба амнияти минтақа баррасӣ кардем.

Аз ҷониби худ мехостам сатҳи баланди ҳамкории давлатҳоямонро дар соҳаи амният зикр намоям.

Дар ин замина мо муҳимияти таҳкими ҳамоҳангии минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва дигар сохторҳои дахлдорро таъкид намудем.

Мо ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд додем.

Мо минбаъд низ мунтазам ташаббусхои тарафайнро дастгирӣ хоҳем кард.

Ба дӯстони қазоқистонӣ барои дастгирии ташаббусҳои глобалии мо оид ба об ва иқлим изҳори сипос менамоям.

Умедворем, ки ҷониби Қазоқистон дар кори нишастҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, фаъолона иштирок хоҳад кард.

Итминон дорам, ки натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба таъмиқи минбаъдаи ҳамёрии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар тамоми самтҳои муайяншуда мусоидат хоҳанд намуд.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Қазоқистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар бисёр ҷиҳатҳои рушди худ ба пешравии сифатӣ ноил гардид.

Ман шоҳиди бевоситаи он ҳастам, ки симои Қазоқистон дар солҳои охир чӣ гуна тағйир ёфтааст.

Қазоқистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши созанда мебозад.

Тоҷикистон ҳамеша бозуи бародарона ва дастгирии доимии Қазоқистонро эҳсос мекунад ва мо барои ин аз давлати бародар миннатдор ҳастем.

Пӯшида нест, ки Қазоқистон яке аз воридкунандагони асосии гандуми истеъмолӣ ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳосили ғалладонагиҳо дар Қазоқистон барои мо низ ба мисли Қазоқистон хеле муҳим аст.

Дар маҷмуъ, мо ба сатҳи хамкории зичи то имрӯз бадастомадаи давлатҳоямон баҳои баланд медиҳем.

Мо ҷонибдорӣ онем, ки он дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ ба манфиати халқҳои бародарамон ҳаматарафа рушд ёбад.

Дар фарҷом мехостам бори дигар ба Шумо, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич ва дар шахсияти Шумо ба халқи бародари Қазоқистон барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори миннатдории самимӣ намоям.

Бо камоли мамнуният аз Шумо даъват ба амал меорам, ки дар фурсати бароятон мувофиқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар анҷом диҳед.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE