Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳои мамлакат суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳои кишвар суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоришҳои раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони ноҳияҳои Восеъ, Рашт, Нуробод ва Сангворро доир ба оқибатҳои боронҳои шадид ва селу обхезӣ шунида, ба онҳо доир ба ҳарчи зудтар бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла барқарор намудани роҳу пулҳои вайроншуда ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардум барои ҷуброн намудани зарари расида ба хонаю рӯзгор ва заминҳои кишташон, супоришҳои мушаххас доданд.