Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ ҳамкориро таҳким мебахшанд

 Дар доираи иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд, ки дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ то 13 май идома меёбад, Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва Директори генералии Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ Доктор Абдулҳамид Алхалифа вохӯрӣ намуда, маҷмуи  масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ карданд.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ дархост гардид, ки Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, иқтисоди «сабз» ва иқтисоди рақамӣ маблағгузорӣ намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ баён доштанд.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE