Мулоқоти чоруми роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид

 10 май дар шакли пайвандӣ дар Деҳлии Нав (Ҳиндустон) мулоқоти чоруми роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани (роҳҳои оҳани) кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи СҲШ дар Пекин иттилоъ медиҳад.

Роҳбарони ҳайатҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷамъбастии вохӯрии сеюм (18 августи соли 2021, шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон), рушд ва такмили ҳамлу нақли мултимодалӣ ва марказҳои муосири логистикӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки сохтмони хатҳои нави роҳи оҳанро, ки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро бо ҳам мепайванданд, инчунин тадбирҳои қабулкардаи маъмурияти роҳи оҳани (тавассути роҳҳои оҳан) — и давлатҳои аъзои Созмонро дар давраи пандемияи COVID-19 баррасӣ намуданд.

Муовини Дабири кулли СҲШ Суҳайл Хон аҳамияти ташаббусҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан таъкид намуда,  кори ҳамоҳангшударо дар рафъи оқибатҳои пандемия ҷиҳати барқароркунии фаъолияти муътадил, инчунин дар раванди муосиркунонӣ ва рақамикунонии саноат муҳим донист.

Дар натиҷаи мулоқот Нақшаи кори мулоқоти роҳбарони маъмурияти роҳи оҳан (роҳҳои оҳан) — и давлатҳои аъзои СҲШ барои солҳои 2023-2025 қабул гардида, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи ҳамкории маъмурияти роҳи оҳан (роҳҳои оҳан) — и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай то соли 2025 пазируфта шуд. Инчунин лоиҳаи ташаббуси Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ оид ба мусоидат ба рушди босифат ва устувори ҳамлу нақли байналмилалии роҳи оҳан дар давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ гардида, Протокол ба имзо расид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE