Имрӯз «Соро компания» ва «Истиқлол» барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон-2023 бозӣ менамоянд

Имрӯз, 13 май «Соро компания» ва «Истиқлол» барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон-2023 бозӣ менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе қаблан ду маротиба- солҳои 2021-2022 барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардида буд. Қобили тазаккур аст, ки дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе соли 2022 се ҷоиза ба даст овард. Пас аз пирӯзӣ дар Суперҷоми Тоҷикистон ва Суперлигаи Тоҷикистон дастаи Пайрав Воҳидов барандаи Ҷоми Тоҷикистон низ гардид.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2022 дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 бар дастаи «Амонатбонк» бо ҳисоби калони 5:0 пирӯз шуда буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE