Маблағи грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор ба 5 миллион сомонӣ расонида шуд

Агар то соли 2023 маблағи грантҳои президентӣ 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медод, соли 2024 ба 5 миллион сомонӣ расонида шуд. Дар ин хусус 5 август дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

«Имсол 396 зани соҳибкор барои дарёфти гранти президентӣ лоиҳа пешниҳод кард, ки 120 лоиҳаи мақсаднок дастгирӣ ёфта, ҳоло мавриди баррасии комиссияи грантӣ қарор дорад»,-иброз дошт муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдулмаинзода.

Дар нишаст гуфта шуд, ки шумораи занони соҳибкор сол то сол зиёд мешавад. Онҳо фаъолияти соҳибкориашонро аз заминҳои наздиҳавлигӣ шуруъ карда, имрӯз соҳиби хоҷагиҳои деҳқонии хурду миёна мебошанд.

Дар асоси таҳлилҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат, роҳбарони аксар хоҷагиҳои деҳқонӣ занон ҳастанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар саноатикунонии мамлакат саҳми назаррас гузоранд. Аз ин рӯ сол то сол шумораи лоиҳа ва маблағҳои грантҳои президентӣ зиёд мегардад.

Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE