Дар Туркия Рӯзи байналмилалии фарҳанг бо иштироки намояндаи Тоҷикистон таҷлил шуд
16 май дар Донишгоҳи OSTİM Рӯзи байналмилалии фарҳанг бо иштироки намояндагиҳои дипломатӣ, аз ҷумла Сафорати Тоҷикистон дар Анкара, устодон ва донишҷӯёни он донишгоҳ доир гардид. Дар қисмати расмии чорабинӣ сафир А. Гулов суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Анкара хабар доданд.
Дар ҷамъомад анвои хурданӣ ва маҳсулоти ватанӣ пешкаши иштирокчиён гардида, либосҳои миллӣ ва китобу маводҳои муаррификунандаи Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.