Гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент шинос шуд
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони масъули вилояти Суғд ба шаҳри Панҷикент рафта, аз вазъи соҳаи кишоварзӣ дидан намуд. Дар ин хусус дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.
Гурӯҳи корӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин, заминҳои наздиҳавлигӣ, байни қаторҳои боғҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, бунёди боғҳои интенсивӣ, риояи корҳои агротехникии зироат ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа аз наздик шинос шуд.
Ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил, таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ, содироти онҳо ба хориҷи мамлакат ва ҳалли муаммоҳои ҷойдошта аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат дастурҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон