Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар фуд-2023» баргузор мешавад

24-25 май дар шаҳри  Бохтари вилояти Хатлон Форуми 3-юми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2023» баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форум аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ташкил карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2023»- ин рушд додани содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE