Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Пагоҳ, 5 апрел Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»