Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон маросими ҷамъбастиии Озмуни “Рассоми Наврас”  баргузор гардид

Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон маросими ҷамъбастиии озмуни истеъдодҳои наврас таҳти унвони  -“Рассоми Наврас”  баргузор гардид. Озмуни мазкур аз ҷониби вазорати фарҳаги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба соҳаи санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, санъати ороишӣ ва зебои парастии ҷавонон роҳандозӣ гардидааст. Озмун дар ду давр аз рӯи равияҳои “Санъати тавсӣрӣ” ва “Ороиши амалӣ” дар се гурӯҳ байни наврасониӣ аз 7-10 сола гурӯҳи дуюм аз  11-14 сола ва гурӯҳи ниҳоӣ бошад 15-18  сола байнии хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид. Дар кори он муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарифзода Манучер ва дигар омӯзгорону намояндагони донишгоҳу колеҷҳои санъати тасвирӣ иштирок намуданд. Инчунин дар гӯшаи дигар расмҳову нигоштаҳо ба намоиш гузошат шуда буд, ки меҳмонон аз он дидан намуданд.

Зимни суханронии ифтитоҳи муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарифзода Манучер иброз намуд, ки ин озмун аз соли 2016 то ин ҷониб баргузор шудаистодааст. Фарҳод Саидов директори мактаби рассомии шаҳри Ваҳдат дар суҳбат бо радиои “Садои Душанбе” иброз намуд, ки ҳадафи озмун аз байни наврасон пайдо намудани рассоми беҳтарин ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия кардан мебошад. Олимова Дилбар иштирокчии озмуни “Рассоми Наврас” мебошад ва ӯ мегуяд муддати ду сол мешавад, дар озмуни мазкур иштирок менамояд. Бояд хотирнишон намуд, ки озмуни “Рассоми Наврас” дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ба ғолибони озмуни диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ тақдим гардид.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE